ВКД ва КДАМ шахсияти ҷанговарони хориҷии назди кӯли Кабуд фавтидаро ифшо сохтанд

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми июл дар изҳороти муштарак Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ шахсияти ҷанговарони хориҷии дар ноҳияи Тавилдара фавтидаро ифшо сохтанд.             Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад:                ” 16 июл зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор – 2009» дар наздикии посгоҳи дар мавзеи Ҳавзи кабудбудаи ноҳияи […]



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми июл дар изҳороти муштарак Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ шахсияти ҷанговарони хориҷии дар ноҳияи Тавилдара фавтидаро ифшо сохтанд.





           

Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад:




               ”

16 июл зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор – 2009» дар наздикии посгоҳи дар мавзеи Ҳавзи кабудбудаи ноҳияи Тавилдара гурӯҳи шахсони номаълум ошкор карда шуд. Онҳо ба талаби қонунии кормандони мақомоти муҳофизи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат накарда, ғайричашмдошт ба хизматчиёни ҳарбии посгоҳи мазкур ҳамла оварданд.

 

Дар натиҷа ду хизматчии ҳарбии мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Баъдан дар ин ҷо задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.

      



            

Ҷинояткорон дар натиҷаи ҳуҷуми ҷавобии хизматчиёни ҳарбӣ ночор ақибнишинӣ карданд.

  

Дар натиҷаи таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон дар ҷараёни амалиёт 5 узви дастаи мазкур нобуд карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Баъди задухӯрд дар натиҷаи азназаргузаронии маҳалли воқеа ва тафтиши ҳуҷҷатҳои силоҳбадастони кушташуда маълум гардид, ки онҳо Магомедов Шамил Саидович, соли таваллудаш 1988, доғистонӣ, сокини шаҳри Новочеркасски вилояти Ростови Федератсияи Русия, Аббосов Аҳмад Магомедович, соли таваллудаш 1984, доғистонӣ, сокини Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, Бабин Алексей Владимирович, соли таваллудаш 1989, миллаташ рус, сокини шаҳри Нижневартовски вилояти Тюмени Федератсияи Русия, Хан Роман Анатолевич соли таваллудаш 1984, қазоқ, сокини ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия ва Сабдюшев Ренат Рамилевич, соли таваллудаш 1983, тотор, сокини шаҳри Старий Осколи Федератсияи Русия мебошанд.




            

Муқаррар карда шуд, ки ҳамаи силоҳбадастони кушташуда аъзои як гурӯҳи муташаккили террористӣ буда, бо худ аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, автоматҳои Калашников, гранатаҳо ва тирҳои гуногунқутр доштанд.




           

Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи ҷумҳурӣ дар давоми амалиёт 9 узви гурӯҳи ҷинояткорро нобуд карданд. Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯ ва безарар гардондани силоҳбадастони боқимонда давом дорад”.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.