Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ барои кормандони ин соҳа як ниҳоди такмили ихтисос таъсис доданист

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ барои кормандони ин соҳа як ниҳоди такмили ихтисос таъсис доданист.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси кумитаи мазкур Асадулло Раҳмонов иттилоъ дод, сохтори номбурдаро дар заминаи маркази миллии аудиовизуалӣ, ки дар назди кумита фаъолият дорад, ташкил карданианд. «Мо бо чунин […]




           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ барои кормандони ин соҳа як ниҳоди такмили ихтисос таъсис доданист.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси кумитаи мазкур Асадулло Раҳмонов иттилоъ дод, сохтори номбурдаро дар заминаи маркази миллии аудиовизуалӣ, ки дар назди кумита фаъолият дорад, ташкил карданианд. «Мо бо чунин пешниҳод ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, умедворем, ки дар оғози соли ҷорӣ он ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард ва дар он ба ҷуз такмили ихтисоси кормандон, ҳамчунин баҳри ба кор омода сохтани рӯзноманигорони ҷавон, мутахассисони корҳои насб ва наттоқону дигар касбҳо шароит фароҳам хоҳад шуд», – гуфт ӯ.






           

Дар мавриди нақшаҳои ояндаи кумита А.Раҳмонов гуфт, боз ифтитоҳи як шабакаи махсуси варзишӣ ва шабакаи иттилоотӣ бо забони хориҷӣ дар назар аст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.