Дар Нуробод задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст

            Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар водии Рашт боз задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, чанде пештар каме дуртар аз кӯли Кабуди ноҳияи Нуробод посгоҳи назоратии Гвардияи миллӣ ҳадафаи тирпарронӣ қарор гирифтааст. «Дар задухӯрди мусаллаҳона панҷ сарбози нерӯҳои ҳукумат осеб […]

root



           

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар водии Рашт боз задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, чанде пештар каме дуртар аз кӯли Кабуди ноҳияи Нуробод посгоҳи назоратии Гвардияи миллӣ ҳадафаи тирпарронӣ қарор гирифтааст. «Дар задухӯрди мусаллаҳона панҷ сарбози нерӯҳои ҳукумат осеб дида, шаш ҷанговари гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҳалокат расидаанд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҳалли задухӯрд 3 автомат, норинҷакҳо ва муҳимоти дигар дарёфт шуданд. «Ҳамаи ҷанговарони ҳалокшудаи гурӯҳи ҷиноятпеша ба миллати маҳаллӣ мансуб нестанд ва зимни азаназаргузаронии шиносномаи яке аз онҳо, маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Русия буда, аз рӯи ному насаб зодаи Қафқоз аст», – афзуд сарчашма.




           

Айни замон ҷиҳати ҷустуҷӯи аъзои боқимондаи гурӯҳ чораҳо андешида мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.