Кормандони Агентии зиддифасод ба ришваситонӣ муттаҳам дониста шуданд

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нисбат ба аъмоли ду корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Зимни як нишасти матуботӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор дошт, ки онҳо ба ришваситонӣ гумонбар дониста мешаванд. «Гумонбаршудагон – сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати зиддифасоди пойтахт ва муфаттиши ин шӯъба ба ҳабс […]


Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нисбат ба аъмоли ду корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.




Зимни як нишасти матуботӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор дошт, ки онҳо ба ришваситонӣ гумонбар дониста мешаванд. «Гумонбаршудагон – сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати зиддифасоди пойтахт ва муфаттиши ин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Ф.Саидов, тафтишоти пешакӣ ошкор сохтааст, ки моҳи май онҳо ба гумони даст доштан дар ҷинояти коррупсионӣ корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро боздошт намуда, аз ӯ барои ба дигар моддаи Кодекси ҷиноӣ гузаронидан ва бо ин роҳ кам кардани мӯҳлати ҷазояш 15 ҳазор доллари ИМА талаб мекунанд. «Корҳои тафтишотӣ оид ба парвандаи ҷиноии мазкур идома доранд», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.