Лоиҳаи нави қонун дар бораи забони давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба донистани забони давлатӣ ӯҳдадор месозад

            Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.             Дар қарори дахлдори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфта мешавад, ки лоиҳаи нави қонуни мазкур бо назардошти талаботи муосири идоракунии давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.





           

Дар қарори дахлдори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфта мешавад, ки лоиҳаи нави қонуни мазкур бо назардошти талаботи муосири идоракунии давлатӣ ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳия шудааст.




           

Лоиҳаи қонун аз 7 фасл ва 28 модда иборат аст. Дар он мақоми забони давлатӣ ҳамчун забони фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, додгоҳӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар созмону ташкилотҳо таҷассум ёфтааст.




           

Аз ҷумла, тибқи моддаи 13 ва 20-и лоиҳаи қонуни мазкур, аз ин ба баъд тамоми навъи реклама, эълонҳо, нархномаҳо, лавҳаву шиор ва дигар иттилооти муоинашаванда бо забони тоҷикӣ дарҷ хоҳанд шуд.




           

Гуфтушунид ва мукотиба бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавии муқими Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва забони расмии ин намояндагиҳову созмонҳо сурат хоҳанд гирифт. Дар сурати зарурат дар гуфтушунид ва мукотиба истифодаи дигар забонҳо маҳдуд карда нашудааст.




           

Мувофиқи муқаррароти лоиҳаи қонуни нав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба донистани забони давлатӣ ӯҳдадор мешавад. Лоиҳаи қонун истифодаи забонҳо дар муносиботи шахсиро танзим намесозад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.