Кормандони соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ пурра бо музди меҳнат таъмин гардиданд

Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 83,2 дарсади маблағи пешбинишуда дар буҷаи давлатиро дастрас кард. Зимн як нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Мирзоалиев изҳор дошт, ки бо ҳамин миқдор маблағ ҳам муяссар шудааст, ки музди меҳнати кормандони тиббии минтақа […]


Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 83,2 дарсади маблағи пешбинишуда дар буҷаи давлатиро дастрас кард.




Зимн як нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Мирзоалиев изҳор дошт, ки бо ҳамин миқдор маблағ ҳам муяссар шудааст, ки музди меҳнати кормандони тиббии минтақа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ пурра пардохт карда шавад. «Ахиран соҳаи тандурустии минтақа ба мутахассисон шадидан ниёз дорад ва ҳатто 70 дарсади маблағи пешбинишудаи буҷаи давлатӣ басанда аст, ки музди меҳнати кормандони тиб пурра ҳисоббаробарӣ карда шавад», – гуфт ӯ.



Номбурда гуфт, аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои тиббӣ норасоии шадиди кадрҳо ба миқдори 50дарсад ва аз он ҳам зиёдтар эҳсос мешавад. «Масъалаи мазкур мавриди ҳаллу фасл дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад», – афзуд М.Миралиев.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.