Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ 39 нафар ба ҳалокат расиданд

            Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ 39 нафар ба ҳалокат расиданд.             Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки бо оғози мавсими шиноварӣ 43 нафар ғарқ шудаанд ва […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ 39 нафар ба ҳалокат расиданд.





           

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки бо оғози мавсими шиноварӣ 43 нафар ғарқ шудаанд ва аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки зимни дар ҷойҳои обоозиву шиноварӣ қарор доштан, боэҳтиёт бошанду кӯдаконро таҳти назорат дошта бошанд.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳудуди 2,5 ҳазор манзили зист ба маблағи умумии қариб 16 млн. сомонӣ зарар дида, 496-тои онҳо пурра хароб гардидаанд ва маблағи хисороти аз офатҳои табиӣ вордшуда тақрибан дар ҳаҷми 92,5 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. «Лағжиши ярчу фаромадани сел ба 40 ноҳияи ҷумҳурӣ зарар расонида, моҳҳои апрел-май ноҳияи Хуросон аз ҳама бештар хисорот бардошт, ки дар ин ноҳия 229 хонаи истиқоматӣ зарар дида, 132-тоаш пурра хароб гардид», – гуфт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, феълан дар ноҳияи Хуросон 40 манзили зист бунёд шуда, ба осебдидагон супурда шудааст ва сохтмони 136 хонаи дигар аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ идома дорад. «Боз 310 манзили зист бо дастгирии ҳкумати ҶТ ва осебдидагон сохта мешавад ва онҳо бо тамоми масолеҳи сохтмонии зарурӣ таъмин карда шуданд», – афзуд Ҳ.Латифов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.