Дар ИМА китоби нависандаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ бо забони англисӣ ба чоп расид

Вашингтон. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико китоби нависандаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ «Об аз куҷо ҷорӣ мешавад?»   бо забони англисӣ ба чоп расид.             Чӣ тавре ки хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Вашингтон иттилоъ медиҳад, китоби мазкур бо нақшу мусаввараҳои ҷолиб дар мағозаҳои бузургтарини ИМА ба фурӯш бароварда шуда, дар Амрико якчанд […]

root


Вашингтон. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико китоби нависандаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ «Об аз куҷо ҷорӣ мешавад?»

 

бо забони англисӣ ба чоп расид.





           

Чӣ тавре ки хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Вашингтон иттилоъ медиҳад, китоби мазкур бо нақшу мусаввараҳои ҷолиб дар мағозаҳои бузургтарини ИМА ба фурӯш бароварда шуда, дар Амрико якчанд маросими муаррифиномаи китоб дори гардидааст ва хонандагони нахустин аз он қаноатмандӣ изҳор кардаанд.




           

Аз замони нашри нахустини китоби мазкур зиёд аз се даҳсола паси сар шудааст, вале то ҳанӯз ғояи асар, ки муҳаббати кӯдакон ба ихтироот, арзиши баланди оби нӯшокӣ, нодир будани санъати боғдориро васф месозад, аҳамияти худро гум накардааст.




           

Ноширони амрикоӣ бар ин назаранд, ки саргузаштҳои қаҳрамонони асар – Асаду Самад натанҳо толибилмони Амрико, балки аксари ҳаводорони мутолиаи китобро ҳавасманд хоҳад сохт, зеро Тоҷикистону фарҳанги бостонии он то ҳанӯз мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор доранд.




           

Асари «Об аз куҷо ҷорӣ мешавад?» аз ҷониби писари хурдии муаллифи асар – Карим Ҳоҷибоев ва ҳамсари ӯ – Муҳаббат Ҳоҷибоева, ки айни замон маскуни Амрикоянд, тарҷума шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.