Давлати Қатар дар Душанбе маҷмааи фарҳангиву манзилӣ бунёд карданист

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали директори Агентиии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Мирзоҳасан Султонов изҳор дошт, ки ояндаи наздик дар майдони зиёда аз 7 гектари қисмати ҷанубу шарқии Кӯли ҷавонони пойтахт сохтмони маҷмааи фарҳангиву манзилӣ ба нақша гирифта шудааст. «Тибқи консепсия, маҷмааи мазкур як шаҳраки дорои зерсохтори […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали директори Агентиии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Мирзоҳасан Султонов изҳор дошт, ки ояндаи наздик дар майдони зиёда аз 7 гектари қисмати ҷанубу шарқии Кӯли ҷавонони пойтахт сохтмони маҷмааи фарҳангиву манзилӣ ба нақша гирифта шудааст. «Тибқи консепсия, маҷмааи мазкур як шаҳраки дорои зерсохтори мустақил дар дохили шаҳр буда, дар он манзили зист, мактаб, кӯдакистон, маркази тиҷоратӣ ва иншооти варзишӣ сохта мешаванд», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи номбурда, консепсияи мазкур рӯзҳои наздик дар ҷаласаи шӯрои шаҳрсозии агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, агар он ба талаботи муосири меъморӣ ҷавобгӯ бошад, корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони маҷмааи оянда шурӯъ мешаванд. «Консепсияи мазкур бо ҳукумати давлати Қатар мувофиқа шуда, ин кишвар маблағи хароҷоти сохтмони маҷмааро ба ӯҳдаи худ мегирад», – изҳор дошт вай.



М.Султонов афзуд, дар соҳили шимолии Кӯли ҷавонони пойтахт чойхонаи муосир ва боғи истироҳату фароғат бунёд мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.