Дар Тоҷикистон намояндагии Донишгоҳи «Паёми нур»-и Эрон боз мешавад

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон намояндагии Донишгоҳи «Паёми нур»-и Эрон боз мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳот дар бахши маорифи Вазорати маорифи ҶТ Хаёл Бобоев иттилоъ дод, донишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои таълимии маъруфи Эрон буда, дар тамоми гӯшаву канори Эрон ҳудуди 500 […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон намояндагии Донишгоҳи «Паёми нур»-и Эрон боз мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳот дар бахши маорифи Вазорати маорифи ҶТ Хаёл Бобоев иттилоъ дод, донишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои таълимии маъруфи Эрон буда, дар тамоми гӯшаву канори Эрон ҳудуди 500 намоянда дорад. «Ба ифтитоҳи намояндагии донишгоҳ дар Тоҷикистон мақомоти раҳбарии ин муассисаи таълимӣ, ки дар кори намоишгоҳи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе ширкат варзиданд, таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Х.Бобоев, боз як зумра намояндагони макотиби олӣ ва марказҳои илмии Эрон дар муроҷиат ба вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳори омодагӣ карданд, ки оянда дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро ифтитоҳ карданианд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.