Раиси ноҳия: Барои барқарорсозии фаъолияти корхонаи бузургтарини истеҳсоли чарми ноҳияи Бохтар сармоягузории хориҷӣ зарур аст

            Қӯрғонтеппа. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳияи Бохтар ба маблағи умумии 25 млн. 198 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 102 дарсадро ташкил медиҳад.             Зимни як нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов изҳор дошт, ки аз 12 корхоани […]

Сайраҳмон Назриев



           

Қӯрғонтеппа. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳияи Бохтар ба маблағи умумии 25 млн. 198 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 102 дарсадро ташкил медиҳад.





           

Зимни як нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов изҳор дошт, ки аз 12 корхоани саноатӣ дар чортоаш, аз ҷумла корхонаи пахтатозакунии ҶСК «Файзалӣ Саидов ( 11 фоиз), ҶСК «Заргар» (80 фоиз), ҶСП «Континентал» (82 фоиз) ва «Истеко текстайлз (83 фоиз)

 

ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфтааст. «Дар қаламрави ноҳия корхонаи бузурги коркарди чарм мавҷуд аст, ки баҳри барқарорсозии фаъолияти он сармоягузории хориҷӣ зарур аст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда гуфт, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона то ҳанӯз барқарор нашуда, феълан барои ба кор даровардани он таҷҳизоту фанновариҳои ҷадид ва такмили зерсохтораш зарур аст. «Сармоягузорони хориҷӣ аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар корхона низоми таъмини об, коркард ва партовтозакунӣ ва ҳамчунин таъминоти шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ вуҷуд надорад», – баён дошт А.Исмоилов.




           

Раиси ноҳия ҳамчунин афзуд, соли равон дар ноҳияи Бохтар корхонаи хурди консерв ба фаъолият шурӯъ намуда, соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди ду корхонаи дигар – истеҳсоли шағал ва хишт оғоз карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.