Дар Кӯлоб ба муҳоҷирони меҳнатӣ бевосита пеш аз сафар машварат дода мешавад

Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» ба муҳоҷирони меҳнатии Кӯлоб бевосита пеш аз сафар машварат пешниҳод месозад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари марказ Додарбек Сайдалиев иттилоъ дод, шурӯъ аз ҳафтаи оянда тамоми маълумоти зарурӣ оид ба қонунгузории Русия, тартиби ба кор қабул кардан, робитаҳо бо корхонаву ташкилотҳоро муҳоҷирони […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» ба муҳоҷирони меҳнатии Кӯлоб бевосита пеш аз сафар машварат пешниҳод месозад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари марказ Додарбек Сайдалиев иттилоъ дод, шурӯъ аз ҳафтаи оянда тамоми маълумоти зарурӣ оид ба қонунгузории Русия, тартиби ба кор қабул кардан, робитаҳо бо корхонаву ташкилотҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз парвоз дар фурудгоҳи Кӯлоб ё истгоҳи мусофирбари қатора дастрас карда метавонанд. «Ин идомаи татбиқи лоиҳаест, ки марказ соли ахир бо дастгирии молиявии Дафтари САҲА дар Душанбе татбиқ кард», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Сайдалиев, фарқи татбиқи ин лоиҳа дар он аст, ки акнун чун пештара кормандони марказ омадани муҳоҷирони меҳнатӣ ба дафтари кориро интизор нашуда, худашон бевосита барои сӯҳбат ба назди онҳо мераванд ва ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ ё истгоҳи қатора варақаҳои дорои маълумоти пурра дар бораи кишварҳоро месупоранд. «Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони марказ 162 сӯҳбати инфиродӣ, 78 телефонӣ, 13 гурӯҳӣ ва 85 машаврати сайёр баргузор карданд», – афзуд Д.Сайдалиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...