Дар чаҳорчӯбаи баргузории ярмаркаи илмиву маърифатӣ дар Душанбе миёни макотиби олии Тоҷикистону Эрон ҳудуди 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо

            Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи баргузории ярмаркаи чаҳоррӯзаи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Душанбе миёни макотиби олии ин кишварҳо 96 созишномаву аҳдномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. «Мо мутмаинем, ки минбаъд макотиби олии кишварҳо дар бахши таҳқиқоти илмӣ ва фанноварӣ ҳамкориҳоро бештар густариш хоҳанд дод», – изҳор дошт вазири маорифи ҶТ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи баргузории ярмаркаи чаҳоррӯзаи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Душанбе миёни макотиби олии ин кишварҳо 96 созишномаву аҳдномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. «Мо мутмаинем, ки минбаъд макотиби олии кишварҳо дар бахши таҳқиқоти илмӣ ва фанноварӣ ҳамкориҳоро бештар густариш хоҳанд дод», – изҳор дошт вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов.





           

А.Раҳмонов ҳамчунин гуфт, зимни мулоқоту сӯҳбатҳо миёни мақомоти раҳбарии макотиби олии кишварҳо таваҷҷӯҳ ва хоҳишмандии ҷонибҳо дар баргузории корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ баён гардида, дар робита бо он, ҷиҳати омода сохтан ва нашри як қатор дастурҳои илмӣ ва китобҳо аз ҷониби олимони Тоҷикистону Эрон мувофиқа ҳосил гардид. «Дар мулоқоту сӯҳбатҳо бобати роҳандозии табодули таҷриба миёни макотиби олии кишварҳо тасмим гирифта шуда, бисёре аз макотиби олии Эрон бо ин мақсад барои омӯзиши донишҷӯён ва олимони Тоҷикистон 5 ҷойӣ пешниҳод сохтанд ва маблағи хароҷотро ҷониби Эрон ба дӯши худ гирифт», – гуфт вазир.




           

Дар фарҷом А.Раҳмонов қайд кард, ки намоишгоҳи мазкур бори нахуст ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, он оғози роҳандозии муносиботи ҳамкории нав миёни кишварҳо аст.




           

Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи байнулмилалии илмиву маърифатии Эрону Тоҷикистон рӯзҳои 6-9-уми июл дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он намояндагони 13 мактаби олии Тоҷикистон ва ҳудуди 40 мактаби олӣ, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва фарҳангии Эрон ширкат варзиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...