Дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон афзуда шуд

            Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон барои ҳама гуна истифодабарандагон ба андозаи 14,8 дарсад зиёд карда шуд.              Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Душанбегаз» иттилоъ доданд, ин иқдом бинобар боло рафтани қурби доллари ИМА пеш гирифта шуд. […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон барои ҳама гуна истифодабарандагон ба андозаи 14,8 дарсад зиёд карда шуд.





 


          

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Душанбегаз» иттилоъ доданд, ин иқдом бинобар боло рафтани қурби доллари ИМА пеш гирифта шуд. «Аз ин ба баъд арзиши истифодаи газ барои аҳолӣ зиёда аз 1 ҳазору 330 сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд ва агар ояндаи наздик қурби доллари ИМА поин равад, арзиши газ низ ба самти коҳиш таҷдиди назар мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, айни замон ба Тоҷикистон тақрибан 20-21 ҳазор метри мукааб газ аз кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад. «Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон аз истифодаи газ ҳудуди 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...