Соли равон дар Вазорати молияи ҶТ ба маблағи умумии 163 млн. $ 11 созишнома ба имзо расид

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон дар чаҳорчӯбаи муносиботи ҳамкориҳои дуҷониба бо созмонҳои байнулмилалӣ дар Вазорати молияи ҶТ ба маблағи умумии 163 млн. $ 11 созишнома ба имзо расид.              Ба гуфтаи ӯ, дар асоси ҷудо кардани бурсҳо ба маблағи […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон дар чаҳорчӯбаи муносиботи ҳамкориҳои дуҷониба бо созмонҳои байнулмилалӣ дар Вазорати молияи ҶТ ба маблағи умумии 163 млн. $ 11 созишнома ба имзо расид.





 


          

Ба гуфтаи ӯ, дар асоси ҷудо кардани бурсҳо ба маблағи 112 млн. $ созишномаҳо ба тасвиб расидаанд. «Айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 436,2 млн. $ 17 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад», – гуфт ӯ.




           

С.Наҷмиддинов гуфт, воситаҳои қарзӣ дар ин лоиҳаҳо ҳудуди 56 дарсад ё худ 245 млн. $ аз арзиши умумиро ташкил дода, воситаҳо бурсии Бонки рушди Осиё ва дигар маблағгузорон ба 102,3

 

млн. $ ё худ 23 дарсад аз арзиши умумӣ баробар аст. «Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин лоиҳаҳо муодили 88,8 млн. $ мебошад», – афзуд вазир.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.