БРО ва ҳукумати ҶТ стратегияи нави ҳамкорӣ барои 3-4 соли минбаъдаро таҳия месозанд

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати ҶТ стратегияи нави ҳамкорӣ барои 3-4 соли минбаъдаро таҳия месозанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро иттилоъ дод, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҶТ ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати ҶТ стратегияи нави ҳамкорӣ барои 3-4 соли минбаъдаро таҳия месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро иттилоъ дод, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҶТ ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ таҳияи стратегияи нави ҳамкории дуҷониба ба нақша гирифта шуда, он моҳи октябри соли равон ба баррасии Шӯрои мудирони бонк пешниҳод мегардад. «Барқарорсозӣ ва беҳбуди фаъолияти бахши нақлиёту энергетика ва дастгирии раванди ислоҳот дар рушди бахши хусусӣ самтҳои асосии стратегияи нав хоҳанд буд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи М.Оҷиро, ба ҳисоби миёна ҳамасола чун кӯмаки бебозгашт аз ҷониби бонк ба Тоҷикистон ҷудо кардани маблағи умумии 50 млн. $ пешбинӣ мешавад. «Соли ҷорӣ маблағи ҷудошуда ба Тоҷикистон каме бештар аз 60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод», – изҳор дошт вай ва афзуд, ки ин ба он марбут аст, ки ҳукумати ҶТ дархост кардааст, соли равон аз ҳисоби соли оянда як миқдор маблағ ҷудо карда шавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.