Аз нимаи моҳи июн то имрӯз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар ҳаҷми 130 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод

                 Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз нимаи моҳи июн то имрӯз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар ҳаҷми ҳудуди 130 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод, ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳудуди 6,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол […]

Аваз Юлдошев



    


           

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз нимаи моҳи июн то имрӯз


Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар ҳаҷми ҳудуди 130 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод, ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳудуди 6,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Тибқи созишноми байниҳукуматӣ, дар фасли тобистон Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя бояд 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад ва дар ҳамин ҳол, аз 27-уми феврал то 1-уми май аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 248 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», – гуфт ӯ.




    


      

Сухангӯи ширкат гуфт, мувофиқи қарордоди маҷлиси комиссяи байниҳукуматӣ, ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор баҳорон бояд тақрибан 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол мегардид ва аз ин рӯ, тирамоҳ Ӯзбекистон бояд ба кишвари мо 52 млн. кВт/соат нерӯи барқи боқимондаро баргардонад. «Зимистони имсол Тоҷикистон аз Қазоқистон берун аз нақша дар ҳаҷми ҳудуди 106 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифт, ки айни замон он пурра баргардонида шудааст», – изҳор дошт Н.Ёдгорӣ.




           

Мавсуф афзуд, дар моҳи июл низоми энергетикии кишвар ҳамарӯза зиёда аз 57 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.