БРО ба Тоҷикистон 40 млн. $ ихтисос дода, хостори таъмини раванди шаффофи назорати истифодаи он аст

            Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки рушди осиё (БРО) аз рӯи барномаи дастгирии раҳоӣ аз бӯҳрон ба маблағи 40 млн. $ созишномаи бурсӣ ба имзо расид. Зери санад вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар ҶТ Макото Оҷиро имзо гузоштанд.             Дар маросими баимзорасии созишнома […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки рушди осиё (БРО) аз рӯи барномаи дастгирии раҳоӣ аз бӯҳрон ба маблағи 40 млн. $ созишномаи бурсӣ ба имзо расид. Зери санад вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар ҶТ Макото Оҷиро имзо гузоштанд.





           

Дар маросими баимзорасии созишнома М.Оҷиро изҳор дошт, ки иқтисоди Тоҷикистон, ки ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва бахши кишоварзӣ вобаста аст, дар минтақа аз ҳама бештар хисорот бардоштааст. «Дастгирии БРО ба ҳукумат барои дастгирии барномаи бӯҳронии хароҷот ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат ва кӯмакпулиҳо ба қишри осебпазири ҷомеа, бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин намудани онҳо, иҷрои барномаҳои сармоягузории марбут ба муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав шароит фароҳам мсеозад», – гуфт М.Оҷиро.




           

Дар ҷараёни суханронӣ М.Оҷиро гуфт, чанде пештар Шӯрои мудирони

 

бонк ҷудо кардани маблағи мазкурро маъқул шуморида, ба масъалаи идора кардани ин воситаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст, яъне шӯрои мудирон хостори таъмини раванди шаффофи назорати истифодаи мақсадноки ин маблағҳо аст.




           

Қобили зикр аст, ки Вазорати молияи ҶТ агентии иҷрокунандаи ин барнома буда, интизор меравад, маблағи ҷудошуда то ахири соли ҷорӣ пурра барои амалисозии ҳадафҳои пешбинишуда истифода бурда шавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.