А.Иброҳим: Корҳои иктишофии геологӣ дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» дар давоми соли ҷорӣ ба анҷом мерасанд

            Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки корхонаи фаръии ҶСП «Зарубежнефтегаз»-и мутаалиқ ба сохтори «Газпром»-и Русия корҳои иктишофии геологиро дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» дар ноҳияи Шаҳринав ба таври бояду шояд ба роҳ мондааст ва интизор меравад, ки моҳҳои июл-августи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки корхонаи фаръии ҶСП «Зарубежнефтегаз»-и мутаалиқ ба сохтори «Газпром»-и Русия корҳои иктишофии геологиро дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» дар ноҳияи Шаҳринав ба таври бояду шояд ба роҳ мондааст ва интизор меравад, ки моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ маълумоти нахустин аз захираи ин кон ба даст оварда шуда, ахири сол насби таҷҳизот барои пармакунии чоҳ ба нақша гирифта шавад. «Коршиносони русиягӣ ба маҳалли кор аллакай 220 вагон таҷҳизоти навтарин оварда, боз ба ҷумҳурӣ ворид кардани то 400 вагони дигари таҷҳизоти заруриро дар нақша доранд», – гуфт ӯ.





           

Номбурда ҳамчунин гуфт, ба ҷуз ҶСП «Зарубежнефтегаз, айни замон дар Тоҷикистон ширкатҳои «Tethys Тajikistan Limited» – Канада, ширкати «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария, ширкати «Марвис»-и Сингапур ва ҳамчунин ширкати «ТоҷАм»-и Амрикову Тоҷикистон низ ба корҳои иктишофиву геологии майдонҳои нафтугаздор машғуланд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.