Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни як нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки дар соли хониши анҷомёфта зиёда аз 4 ҳазор донишҷӯёни ғоибхон барои ба дарсҳо ҳозир нашудан аз макотиби олии ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи таълим дар макотиби олӣ – омода сохтани мутахассисони соҳибтаҷриба аст ва аз ин рӯ, соли равон шӯъбаҳои ғоибона дар макотиби олии кишвар 25-50 фоиз кам карда шуданд. «Сабаби дигари кам кардани шӯъбаҳои ғоибона дар макотиби олӣ дар он аст, ки шумораи донишҷӯён дар он ба меъёрҳои макотиби олӣ ҷавобгӯ нест, зеро мувофиқи меъёр барои таҳсили як донишҷӯ 8 метри мукааб ҷой пешбинӣ шудааст», – гуфт вазир.
А.Раҳмонов афзуд, «замоне фаро расидааст, ки ба таҳсил дар макотиби олӣ мо аз дидгоҳи на шумора, балки сифат назар андозем, то ба беҳбуди сифати таълим муваффақ шавем».







