Мӯҳлати баргузории маросими «оши наҳор» аз се соат то якуним соат кам карда мешавад

            Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки чанде пештар бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабиниҳои ҷашни истиқлол дар варзишгоҳи марказӣ доир мегарданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки чанде пештар бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабиниҳои ҷашни истиқлол дар варзишгоҳи марказӣ доир мегарданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷаласаи корӣ инчунин масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар қаламрави пойтахт ва истифодаи оқилонаи фонди замини шаҳри Душанбе низ матраҳ гардиданд. «М.Убайдуллоев ба мақомоти марбута супориш дод, ки пешниҳоди раёсати танзими ҷашну маросимҳои дастгоҳи сарвари давлатро дар бораи аз 1-уми августи соли ҷорӣ кам кардани мӯҳлати баргузории маросими «оши наҳор» аз се соат то якуним соат мавриди омӯзиш қарор диҳанд», – гуфт Шавкат Саидов.




           

Мавсуф афзуд, пешниҳоди мазкур ба дигар расму ойинҳои тӯёна дахл надошта, чорабиниҳои асосии тӯёна мувофиқи қонунгузорӣ дар се соат баргузор мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.