Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни як нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли нави хониш фанни нави таълимии «Маърифати ислом» ҷорӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи вазир ин фан ба барномаи таълими синфҳои 8-11 дохил карда мешавад. «Феълан китоби дарсӣ оид ба ин фан таҳия мегардад ва то ахири моҳи август нашр хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
А.Раҳмонов афзуд, дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам ин тӯҳфаи хубе ба толибилмон аст.







