Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми бештари иқтисод миёни кишварҳои узви ИДМ дар Озарбойҷону Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши ҳаҷми бештари иқтисод миёни кишварҳои узви ИДМ дар Озарбойҷону Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки мутаносибан ба 4,4 ва 3,2 дарсад баробар аст. Маълумоти фаврии Кумитаи байнидавлатии омори иттиҳод гувоҳи ин гуфтаҳост.             Дар Белорус […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши ҳаҷми бештари иқтисод миёни кишварҳои узви ИДМ дар Озарбойҷону Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки мутаносибан ба 4,4 ва 3,2 дарсад баробар аст. Маълумоти фаврии Кумитаи байнидавлатии омори иттиҳод гувоҳи ин гуфтаҳост.





           

Дар Белорус афзоиши ҳаҷми иқтисод дар ин давра – 1,4 дарсадро ташкил дод.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти кумита, дар як қатор кишварҳои узви ИДМ коҳиши ҳаҷми иқтисод ба мушоҳида расидааст. Мизони коҳиш дар Қирғизистон 0,9, Қазоқистон – 5,3, Молдова – 6,9, Русия ва Арманистон ммутаносибан – 13,6 ва 15,7 дарсадро ташкил додааст.




           

Ба ҳисоби миёна дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви ИДМ ба андозаи 9 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли ин моҳҳои соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 13 дарсад коҳиш ёфтааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои узви ИДМ танҳо дар Озарбойҷон ба андозаи 1,3 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра дар Украина – 31,9, Молдова – 25,3, Қирғизистон – 20,2, Русия – 15,4, Арманистон – 10,5, Қазоқистон – 4,6 ва Белорус – 3,4 дарсадро ташкил дод.




           

Ба ҳисоби миёна дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба андозаи 16 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар бораи ҷараёни афзоиш ё коҳиши ММД ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра дар Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон маълумот дода нашудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.