Р.Блейк: Дар замони бӯҳрони молӣ ИМА ҳаҷми кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш нахоҳад дод

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар минтақа яке аз кишварҳои бузурги аз Амрико кӯмакгиранда маҳсуб гардида,дар замони бӯҳрони молӣ ИМА ҳаҷми кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар минтақа яке аз кишварҳои бузурги аз Амрико кӯмакгиранда маҳсуб гардида,дар замони бӯҳрони молӣ ИМА ҳаҷми кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш нахоҳад дод.





           

Ба гуфтаи ӯ, муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Амрико бештар ба муборизаи пурсамар алайҳи терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният дар марз бастагӣ дорад.




           

Р.Блейк гуфт, ИМА дар Афғонистон ба роҳандозии сиёсати тоза шурӯъ намудааст, ки он ба фермерон имкон фароҳам хоҳад сохт аз парвариши зироатҳои кишоварзӣ даромади қобили мулоҳиза ба даст оранд ва ин роҳ онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки аз парвариши рустании нашъадор даст кашанд.




           

Номбурда зикр намуд, ки дар гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими раванди демократия, таъмини озходии баёну эътиқод мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз рӯи аксари масоили матраҳшуда ҳусни тафоҳум ҳосил кардаанд.




           

Нимаи дуввуми имрӯз Р.Блейк ният дорад, дар шаҳри Душанбе бо гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик мулоқот барпо созад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.