Дар ҷумҳурӣ ҳудуди 100 гурӯҳи машғул ба қочоқи нашъа амал мекунанд

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Вайсиддин Азаматов изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амал мекунанд ва ҳамаи онҳо таҳти назорат қарор доранд.             Ба гуфтаи […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Вайсиддин Азаматов изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амал мекунанд ва ҳамаи онҳо таҳти назорат қарор доранд.





           

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта фаъолияти 6-то аз ин гурӯҳҳо қатъ карда шуда, аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, дар қаламрави вилояти Суғд – 62, Хатлон – 31 ва ВКБМ 4 гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият доранд», – гуфт Азаматов.

  





           

Дар маҷмӯъ, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти агентӣ дар нимсолаи аввали соли равон, номбурда гуфт, дар давраи ҳисоботии мазкур кормандони агентӣ аз 86 ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 504 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки аз рӯи онҳо 81 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 67-тои он нисбат ба 81 шахси гунаҳкор ба додгоҳ ирсол шудааст.




           

Дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 3 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, ки аз он ба ҳиссаи ВКД – ҳудуди 1,5 тонна, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 172 кило, Хадамоти гумрук – 77 кило, нерӯҳои марзбонӣ – 756 кило ва АНМН – 504 кило рост меояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.