Дар Самарқанд муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро канданд

Душанбе. 6-уми июл – Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки маркази фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон шинохта шудааст, муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро канданд. Муҷассама дар наздаи Осорхонаи давлатии таърихи фарҳанги мардуми Осиёи Миёна дар ин шаҳр побарҷо буд.             Тибқи иттилои хабаргузории Фергана.ру, дар яке аз шаҳрҳои бостонии ҷаҳон муддати чанд моҳ аст, […]

root


Душанбе. 6-уми июл – Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки маркази фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон шинохта шудааст, муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро канданд. Муҷассама дар наздаи Осорхонаи давлатии таърихи фарҳанги мардуми Осиёи Миёна дар ин шаҳр побарҷо буд.





           

Тибқи иттилои хабаргузории Фергана.ру, дар яке аз шаҳрҳои бостонии ҷаҳон муддати чанд моҳ аст, ки ҷараёни таҷдиди кулли сохтори шаҳр идома дорад. Чанд рӯз пештар маҷмааи асари монументалии ҳайкалтарошӣ бахшида ба асосгузори адабиёти классикии ӯзбакӣ Алишери Навоӣ, ки аз санги хорои сурх бунёд гардида буд, низ канда шуд.




           

Кӯшишҳои муайян кардани тақдири минбаъдаи ин муҷассамаҳо ҳеҷ натиҷаи мушаххасе надодааст. Изҳороти расмӣ дар ин хусус садо надодааст. Намояндагони равшанфикрон бошанд, мегӯянд, мо худ намедонем, ки чӣ воқеа аст. Дар ҳамин ҳол овозаҳое маҷуданд, ки ин муҷассамаҳо дар ҷойи дигар гузошта хоҳанд шуд.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.