Душанбе.4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –
Рӯзи 2-юми июл марзбонони тоҷик дар наздикии сарҳади Афғонистон қароргоҳи бузурги ҷанговарони афғонро ошкор ва нест карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, қароргоҳ дар дараи Шпилоби наздикии деҳаи Шатрови ноҳияи Шӯрообод воқеъ буд. «Дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси нест кардани қароргоҳи ҷанговарон ду нафар афғонӣ кушта шуда, ба зиёда аз 200 нафар муяссар шуд, ки ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар қароргоҳ пинҳонгоҳҳои дорои 100 ҷуфт сарулибос, хаймаву кампалҳо, зиёда аз 200 адад асбобу анҷоми хӯроктайёркунӣ, беш аз 350 кило маводи мухаддири гуногун, 6,5 ҳазор дона тири андозаи гуногун ва 11 адад силоҳи оташфишон дарёфт шудаанд. «Ғайр аз ин дар дара бангдонаи ҳиндӣ парвариш ёфта, марзбонон 11 ҳазор бех ниҳоли нашъаоварро ошкор ва нобуд сохтанд», – афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки айни замон ин мавзеъ мавриди ҷустуҷӯи марзбонон қарор гирифтааст.


