Дар ноҳияи Панҷ ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонӣ бо маводи мухаддир боздошт шуданд

            Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 30-юми июн дар қаламрави ноҳияи Панҷ ду сарбози қисми ҳарбии 2610-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 30-юми июн дар қаламрави ноҳияи Панҷ ду сарбози қисми ҳарбии 2610-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ – Ҳоким Мирзоев аз ноҳияи Восеъ ва Мансурҷон Шукуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо


340 грамм

ҳашиш боздошт шудаанд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд манбаъ.




           

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 300 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.