Дар Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад

            Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи ҳамкории байнулмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Беларус […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи ҳамкории байнулмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Беларус таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, муқаррароти Стратегия ба баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллӣ ва шаҳрвандии ҷавонон, таҳаммулпазирӣ, фаъолияти густардаи зеҳниву эҷодӣ ва варзишӣ равона шудааст. «Дар лоиҳа роҳандозии чорабиниҳои такмил ва ҷорӣ сохтани фановариҳои ҷадид зимни кор бо ҷавонон, нигаҳдорӣ ва афзудани мероси фарҳангии мардум ва барқарор сохтани робитаи мустаҳками фарҳангӣ ва дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар робита бо соли 2009-ро Соли ҷавонон дар ИДМ эълон намудан, иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидан ва баргузории чорабиниҳо ба ин муносибат дар кишварҳояшон низ табодули афкор хоҳанд кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.