Иттиҳоди Аврупо ва БРСММ ба марзбонони тоҷик ба маблағи ҳудуди 69 ҳазор Евро таҷҳизот тақдим мекунанд

Date:


Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими расмии ба марзбонони тоҷик супурдани таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ доир мегардад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушдии СММ иттилоъ доданд, дар вазъи тантанавӣ ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 16 таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ, 12 таҷҳизоти тафтиши ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин ду таҷҳизоти назорати видеоӣ тақдим карда мешаванд. «Маблағи умумии кӯмаки техникӣ ҳудуди 69 ҳазор Евроро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, кӯмак дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ шудаву онро Барномаи рушди СММ татбиқ месозад, ҷудо мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...