Имрӯз дар Кишинёв ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ мекунад

            Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Кишинёв ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили рушди равобити алоқаи нақлиётӣ, муайян сохтани тартиботи кишвари истеҳсолкунандаи молу маҳсулот дар чаҳорчӯбаи ИДМ, мушкилоти истифодаи шабакаҳои барқӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Кишинёв ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили рушди равобити алоқаи нақлиётӣ, муайян сохтани тартиботи кишвари истеҳсолкунандаи молу маҳсулот дар чаҳорчӯбаи ИДМ, мушкилоти истифодаи шабакаҳои барқӣ ва роҳандозии ҳамкории низомҳои миллии энергетикии кишварҳо дар назар аст.




           

Дар ҷаласаи Шӯро инчунин як қатор масоили фаъолияти ҷорӣ ва макону санаи баргузории ҷаласаи оянда низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки ҳайати кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина пешбинӣ мешавад. Ҷаласа таҳти раёсати муовини аввали нахуствазири Молдова, вазири иқтисод ва савдои ин кишвар Игор Додон баргузор хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.