Корхонаи муштараки «ТоҷИрон» истеҳсоли комбайнҳои кишоварзиро ба роҳ монданист

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «ТоҷИрон» соли равон ният дорад, истеҳсоли комбайнҳои кишоварзиро ба роҳ гузорад.             Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати омӯзиши талаботи бозор ба ин навъи техникаи кишоварзӣ, ояндаи наздик комбайни нахустин истеҳсол […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «ТоҷИрон» соли равон ният дорад, истеҳсоли комбайнҳои кишоварзиро ба роҳ гузорад.





           

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати омӯзиши талаботи бозор ба ин навъи техникаи кишоварзӣ, ояндаи наздик комбайни нахустин истеҳсол гардида, ба харидорон пешкаш мегардад.




           

Муовини вазир мегӯяд, соли 2008 дар корхона 70 трактори навъи «ТоҷИрон-285» истеҳсол карда шуд, ки 67-тои он ба фурӯш рафтааанд. «Феълан дар корхона 20 трактор пурра ба фурӯш тайёр буда, боз 20 трактори дигар дар ҳоли омодашавӣ мебошанд», – гуфт М.Ҳақдодов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио