Миёни Тоҷикистону Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид

Date:


Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни ҳукумати ҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд.




Стефан Неллен изҳор дошт, ки созишноми баимзорасида гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори идомаи ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, бахусус дар бахши сармоягузорӣ мебошанд. «Созишнома баҳри фаъолияти пурсамари соҳибкорони ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам месозад», – гуфт ӯ.



Намояндаи Швейтсария ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯбаи созишнома намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна аз имконоти фаровон бархӯрдор хоҳанд буд, зеро дар иқтисоди Швейтсария саҳми онҳо хеле бузург аст ва пас аз имзои созишнома онҳо баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар ҳавасманд хоҳанд гардид. «Ман умедворам, ки ояндаи наздик парлумонҳои кишварҳо созишномаро тасдиқ намуда, он мавриди амал қарор хоҳад гирифт», – афзуд Стефан Неллен .


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...