Кормандони АНМН гурӯҳи нашъафурӯшони қаблан муқовимати мусаллаҳона нишондодаро боздошт карданд

            Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаволари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гурӯҳи нашъафурӯшонро боздошт намуданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар миёни ғарами коҳи сокини ноҳияи Ҳисор халтаеро пайдо карданд, ки аз дохили он 2 […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаволари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гурӯҳи нашъафурӯшонро боздошт намуданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар миёни ғарами коҳи сокини ноҳияи Ҳисор халтаеро пайдо карданд, ки аз дохили он 2 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд. «Ин халтаро ду шаҳрванди бекори ноҳия пинҳон намудаанд», – гуфтанд дар агентӣ.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар қаламрави деҳаи Афғонои ноҳияи Рӯдакӣ кормандони агентӣ дар пайи дастгир намудани аъзои ин гурӯҳ буданд, вале он замон ба онҳо муяссар шуда буд, ки муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб зананд. «Акнун ҳамаи аъзои гурӯҳ боздошт шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ёдовар мешавем, дар задухӯрди мусаллаҳона аз таркиши норинҷаки партофтаи аъзои ин гурӯҳ яке аз кормандони агентӣ ҷароҳат бардошта буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.