Миёни Тоҷикистону Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид

Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни ҳукумати ҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд. Стефан Неллен изҳор дошт, ки созишноми баимзорасида гувоҳи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни ҳукумати ҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд.




Стефан Неллен изҳор дошт, ки созишноми баимзорасида гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори идомаи ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, бахусус дар бахши сармоягузорӣ мебошанд. «Созишнома баҳри фаъолияти пурсамари соҳибкорони ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам месозад», – гуфт ӯ.



Намояндаи Швейтсария ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯбаи созишнома намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна аз имконоти фаровон бархӯрдор хоҳанд буд, зеро дар иқтисоди Швейтсария саҳми онҳо хеле бузург аст ва пас аз имзои созишнома онҳо баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар ҳавасманд хоҳанд гардид. «Ман умедворам, ки ояндаи наздик парлумонҳои кишварҳо созишномаро тасдиқ намуда, он мавриди амал қарор хоҳад гирифт», – афзуд Стефан Неллен .


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.