Имрӯз сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

            Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани вориди Душанбе шуд.             Тавре атташеи матбуотии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Сурайё Воҳидова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, интизор меравад, ки сафир нимаи дуввуми имрӯз ба кор шурӯъ хоҳад кард.             Ба иттилои манбаъ, фардо сафири тозатаъини Фаронса […]

Валентина Кондрашова




           

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани вориди Душанбе шуд.







           

Тавре атташеи матбуотии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Сурайё Воҳидова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, интизор меравад, ки сафир нимаи дуввуми имрӯз ба кор шурӯъ хоҳад кард.






           

Ба иттилои манбаъ, фардо сафири тозатаъини Фаронса дар Тоҷикистон нусхаҳои эътимодномаҳоро ба вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва 28-уми январ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим хоҳад кард.






           

А.Зиппер де Фабиани аз соли 2003 то соли 2006 ба ҳайси сафири Фаронса дар Сараево ифои вазифа намудааст. Аз соли 2006 дабири кулли комиссияи миллӣ оид ба бартарафсозии минаҳои зиддипиёдагард буд. Номбурда сиёсатмадору забоншинос

 

буда, забонҳои арабиву ҳиндиро ба хубӣ балад аст.






           

Ёдрас мекунем, ки сафири қаблӣ Оливйе Метлан Пелен дар Тоҷикистон беш аз 2 сол ифои вазифа намуд.






 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.