ВКД: Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаван

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии кишвар – Маҳмадназар Солеҳов баён кард. Вазир гуфт, ба мақомоти умури дохилаи кишвар супориш шудааст, ки аз таъқиби собиқ пайравони […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии кишвар – Маҳмадназар Солеҳов баён кард.




Вазир гуфт, ба мақомоти умури дохилаи кишвар супориш шудааст, ки аз таъқиби собиқ пайравони ин равия худдорӣ кунанд. Ба қавли Солеҳов, аз рӯзи манъ гардидани фаъолияти равияи Салафия дар Тоҷикистон, дар таърихи 8-уми январи соли ҷорӣ то кунун ягон нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. «Агар мо тарғиби ин равияро аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ошкор намоем, нисбати ин афрод мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳем кард», – гуфт Солеҳов.




 

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишвар 11 нафар ба ҳабс маҳкум гардиданд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.