Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро аз боздоштгоҳ раҳо накардааст

Date:


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро, ки дар ҷараёни рейд шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, раҳо накардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, он замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср на 14 нафар, балки 15 нафар донишҷӯёни тоҷик боздошт шуда буданд. Даҳ нафар донишҷӯён рӯзҳои 27-ум ва 30-юми май раҳо гардида, айни замон Шавкат Рамазонов, Хуршед Эрматов, Фаридун Гулов, Идибеки Зиёваддин ва Аламшо Шарипов дар боздоштгоҳ қарор доранд. «Ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни макотиби олии Миср буда, мустақилона баҳри таҳсил ба ин кишвар омадаанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли Д.Назриев, намояндагони сафорати Тоҷикистон бо донишҷӯёни то ҳанӯз боздоштшуда мулоқот накардаанд, вале бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср доимо дар робита буда, дар фурсати наздиктарин ин масъаларо ба таври мусбат ҳал хоҳанд кард. «Намояндагони сафорат бо 10 нафар донишҷӯи раҳогардида сӯҳбат доштанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо аз муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср шикояте изҳор накард», – таъкид сохт ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...