Малахи зараровар то Ҳисору Турсунзода расид

Date:


Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 22 ҳазор гектар заминҳои кишти ноҳияҳои тобеи марказ аз ҳуҷуми малахҳо зарар диданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, дар ноҳияи Турсунзода майдони 9 ҳазору


400 гектар

аз ҳамлаи малах зарар дидааст, вале он ба заминҳои кишт осеб нахоҳад расонд, зеро сарчашмаи паҳншавии он

100 км

дуртар аз маркази ноҳия дар чарогоҳ воқеъ гардида, дар дохили ноҳия

 

зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳои кишт бо маводи кимиёвӣ коркард шудаанд.



Ба гуфтаи Қ.Ғаниев, дар ноҳияи Ҳисор аз ҳуҷуми малах масоҳати ҳудуди 8 ҳазор гектар хисорот бардошта, баҳри пешгирии паҳншавии он тамоми тадбирҳо рӯи кор гирифта мешаванд.



Дар ҳамин ҳол, дар саросари ҷумҳурӣ аз ҳамлаи ҳашароти зарарасон майдони зиёда аз 72 ҳазор гектар осеб дида, дар 56 ҳазор гектари он тадбирҳои дақиқи коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. «Айни замон баҳри мубориза бо малах 26 тракторҳои навъи гуногун, 914 адад чангпошаки дастӣ ва беш аз 100 нафар одмаон сафарбар карда шудаанд», – афзуд Қ.Ғаниев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...