Малахи зараровар то Ҳисору Турсунзода расид

Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 22 ҳазор гектар заминҳои кишти ноҳияҳои тобеи марказ аз ҳуҷуми малахҳо зарар диданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, дар ноҳияи Турсунзода майдони 9 ҳазору 400 гектар аз ҳамлаи малах зарар дидааст, вале он ба заминҳои кишт […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 22 ҳазор гектар заминҳои кишти ноҳияҳои тобеи марказ аз ҳуҷуми малахҳо зарар диданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, дар ноҳияи Турсунзода майдони 9 ҳазору


400 гектар

аз ҳамлаи малах зарар дидааст, вале он ба заминҳои кишт осеб нахоҳад расонд, зеро сарчашмаи паҳншавии он

100 км

дуртар аз маркази ноҳия дар чарогоҳ воқеъ гардида, дар дохили ноҳия

 

зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳои кишт бо маводи кимиёвӣ коркард шудаанд.



Ба гуфтаи Қ.Ғаниев, дар ноҳияи Ҳисор аз ҳуҷуми малах масоҳати ҳудуди 8 ҳазор гектар хисорот бардошта, баҳри пешгирии паҳншавии он тамоми тадбирҳо рӯи кор гирифта мешаванд.



Дар ҳамин ҳол, дар саросари ҷумҳурӣ аз ҳамлаи ҳашароти зарарасон майдони зиёда аз 72 ҳазор гектар осеб дида, дар 56 ҳазор гектари он тадбирҳои дақиқи коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. «Айни замон баҳри мубориза бо малах 26 тракторҳои навъи гуногун, 914 адад чангпошаки дастӣ ва беш аз 100 нафар одмаон сафарбар карда шудаанд», – афзуд Қ.Ғаниев.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.