Таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон

Date:



           

Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори қаламрави Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар Боғи кӯдакон барои тарбиятгирандагони кӯдакистону мактабҳо намоишоми театрикунонидашуда ва чорабиниҳои хайрия гузаронида мешавад. Имрӯз консерти дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барпо гардида, аз озмунҳои ба муносибати ҷашн доиргардида натиҷагирӣ карда мешавад.




           

Ин дақиқаҳо аз ҷониби Бунёди хайрияи «Сарпараст» барои зиёда аз 2,5 ҳазор нафар тарбиятгирандаи хона-интернатҳои кӯдакони пойтахт ва кӯдакони оилаҳои камбизоат чорабинии идона ва зиёфат баргузор шуда истодааст.




           

Муовини сарвари бунёд Диловар Қурбонов мегӯяд, имрӯз ҳамчунин хатнатӯйи 600 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ барпо мегардад.




           

Имрӯз ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва зиёфатҳо ташкил мегарданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...