Дар меҳмонхонаи Haytt Regency Dushanbe ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба кор шурӯъ мекунад

            Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нахустин меҳмонхонаи панҷситорадори Тоҷикистон – «Haytt Regency»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба кор шурӯъ мекунад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати ҷониби Туркия, ки баҳри иштирок дар ҳамоиш ба Душанбе ташриф […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нахустин меҳмонхонаи панҷситорадори Тоҷикистон – «Haytt Regency»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба кор шурӯъ мекунад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати ҷониби Туркия, ки баҳри иштирок дар ҳамоиш ба Душанбе ташриф овардааст, беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи чорабинӣ нахуст мулоқоти дуҷонибаи ҳайати кишварҳо доир гардида, сипас соҳибкорони Тоҷикистону Туркия лоиҳаҳои сармоягузории худро муаррифӣ месозанд. Др нимаи дуввуми рӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз ҳамоиш боздид хоҳанд кард.




           

Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар моҳҳои январ-апрел 57 млн. 786,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.