Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддир мусодира гардид

            Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» 1 тоннаву 155 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.             Аз ин миқдор 122 килояшро маводи сахтттаъсири ҳероин ва 402 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад. Маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 98 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, аз рӯи […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» 1 тоннаву 155 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.





           

Аз ин миқдор 122 килояшро маводи сахтттаъсири ҳероин ва 402 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад. Маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 98 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, аз рӯи онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.




           

Маводи мухаддири сӯзонидашуда дар ҷараёни баргузории амалиёти мақомоти дахлдор ва қисми бештараш аз ҷониби кормандони Агентии назорати маоди нашъавоари назди президенти Тоҷикистон мусодира гардидааст.




           

Чорабинии мазкур ба муносибати ҷашни 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ки 1-уми июн таҷлил мегардад, сурат гирифт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.