Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ истифодаи имконоти васеи Тоҷикистонро дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуд

Душанбе. 24-уми январ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд. «Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо […]

root


Душанбе. 24-уми январ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.



«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак

 

ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», – таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.



Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики


1400 километр

сарҳади умумӣ дорад,

 

дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.



«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», – бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.



Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд.



Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.