Дар Ашқобод Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд

Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Туркманистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд. Тибқи иттилои хабаргузории «ТУРКМЕНинформ», вазорати фарҳанг ва телевизиону радиошунавонии Туркманистон дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ният доранд, рӯзҳои 26-28-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод ба муносибати 16-умин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳо Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро баргузор намоянд. Дар барномаи баргузории […]

Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Туркманистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд.




Тибқи иттилои хабаргузории «ТУРКМЕНинформ», вазорати фарҳанг ва телевизиону радиошунавонии Туркманистон дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ният доранд, рӯзҳои 26-28-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод ба муносибати 16-умин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳо Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро баргузор намоянд.



Дар барномаи баргузории рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Туркманистон намоиши филмҳои миёни тамошобинони тоҷик писандида, аз қабили «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Достони Сиёвуш» ва ғайра дар назар аст.



Намоиши филмҳо дар толори театри мусиқиву драмавии ба номи Махтумқулӣ баргузор мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.