Соли гузашта даромадҳои «Ориёнбонк» қариб 20 дарсад афзуд

Душанбе. 26-уми январ – Ба санаи 1.01.2009 даромадҳои ҶСК «Ориёнбонк» 19,7% афзун гардида, 196 583 714 сомониро ташкил намуданд. Активҳои бонк 1 099 272 341 сомонӣ ва бузургии сандуқи қарзӣ то 45% афзуда, ба 753 823 621 сомонӣ расиданд. Амонатҳо 674 648 839 сомониро ташкил намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ, фоидаи соф 8 941 […]

root


Душанбе. 26-уми январ – Ба санаи 1.01.2009 даромадҳои ҶСК «Ориёнбонк» 19,7% афзун гардида, 196 583 714 сомониро ташкил намуданд. Активҳои бонк 1 099 272 341 сомонӣ ва бузургии сандуқи қарзӣ то 45% афзуда, ба 753 823 621 сомонӣ расиданд. Амонатҳо 674 648 839 сомониро ташкил намуданд.




Аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ, фоидаи соф 8 941 919 сомониро ташкил намуд, ки ин 57% аз ҳамин давраи соли пешин камтар аст. Сабаби паст гардидани ин нишондиҳанда кам шудани воридшавии воситаҳои пулӣ дар нимаи дуюми соли ҳисоботӣ, дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозоргирии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.



Дар соли 2008 тавассути ҶСК “Ориёнбонк” аз хориҷи ҷумҳурӣ 566 717 343 доллари ИМА маблағ интиқол шудааст, ки он ба 107,19 %-и нақшаи солона (528 700 000 доллари ИМА) баробар мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2007 он ба маблағи 188 114 935 доллари ИМА ё ин ки 1,5 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.