Ҳукумат масъалаи тронзити нерӯи барқи Туркманистонро таҳти назорати худ мегирад

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даври навбатии гуфтушунидҳо сари мавзӯи тронзити нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати кишвар – Пулод Муҳиддинов хабар дод. Барои ширкат дар ин музокирот, комиссияи давлатӣ ба раҳбарии муовини нахуствазири мамлакат […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даври навбатии гуфтушунидҳо сари мавзӯи тронзити нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати кишвар – Пулод Муҳиддинов хабар дод.




Барои ширкат дар ин музокирот, комиссияи давлатӣ ба раҳбарии муовини нахуствазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ташкил мешавад, ки худи ҳамин ҳафта озими Тошканд хоҳад шуд.



Ба гуфтаи Муҳиддинов, Ӯзбакистон аз мувофиқаҳои хосилшуда сарфи назар карда, тронзити нерӯи барқро

 

тавассути қаламрави худ манъ кардааст. «Мақомоти ӯзбак сабаби қатъи интиқоли барқро ба вуқӯъи садама дар зеристгоҳи барқии «Қарокӯл»-и ин кишвар марбут донистанд, вале ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз ин зеристгоҳ ва ба қадри имкон кӯмак намудан дар барқарорсозии он ҷавоби рад доданд», – гуфт Мухиддинов.



Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бахши энергетика аз Ӯзбакистон қарздор нест, баръакс «Ӯзбекэнерго» аз мо 4 миллион доллар қарздор аст. «Масъалаи пардохти ин қарз низ дар гуфтушунидҳои Тошканд баррасӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

    



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.