Дар Душанбе ҷорӣ гардидани меъёри маҳдуди истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агар интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тариқи тронзит ба кишвар аз нав барқарор нагардад, захираҳои оби обанбори нерӯгоҳи Норак танҳо то нимаи моҳи феврал басанда аст. Номбурда қайд кард, ки феълан шабонарӯзӣ ба ҷойи 25 сантиметри пешбинишуда […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агар интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тариқи тронзит ба кишвар аз нав барқарор нагардад, захираҳои оби обанбори нерӯгоҳи Норак танҳо то нимаи моҳи феврал басанда аст. Номбурда қайд кард, ки феълан шабонарӯзӣ ба ҷойи 25 сантиметри пешбинишуда 36 сантиметри оби обанбор истифода мешавад ва то сатҳи ниҳоии иҷозати истифодаи об аз рӯи муқаррароти техникӣ ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст. «Имрӯз ҷоришавии ҳаҷми об аз рӯдхонаи Вахш ба обанбор 122 метри мукааб

 

ва мизони ҷоришавии он аз обанбор 440 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ҳарчанд моҳи феврал андозаи воридшавии он ба обанбор ба 200 метри мукааб расад ҳам, аз он тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ нахоҳад пайваст», – гуфт муовини вазир.




Ба гуфтаи П.Муҳиддинов, агар хароҷоти об бо чунин суръат идома ёбад, нимаи моҳи феврал нерӯгоҳи Норак танҳо бо ҳаҷми оби воридгашта аз дарёи Вахш фаъолият хоҳад кард ва дар натиҷа шояд дар Тоҷикистон меъёри маҳдуди истифодаи барқ боз ҳам шадидтар карда шавад ва дар Душанбе низ ҷорисозии реҷабандиии маҳдуди истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест.

«Айни замон дар ҷумҳурӣ ба ҷуз шаҳрҳои дорои биноҳои баландошёна, ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ нерӯи барқ 1 соат субҳ ва 2 соат шом интиқол дода мешавад», – афзуд П.Муҳиддинов.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.