Ифтитоҳи форуми нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз менамояд. Дар Форум ғайр аз соҳибкорони ҳар ду кишвар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.




Пеш аз оғози чорабинӣ вохӯрии Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайъати Мамлакати Арабистони Саудӣ доир мегардад.



           Ба ҳайъати саудӣ Абдураҳмон ибни Али ал-Ҷирайсӣ – муовини Раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ, раиси Палатаи тиҷоратӣ-саноатии Ар-Риёз, Юсуф Абдуллоҳ Ақилӣ Зайфуллоҳ ал-Авҳалӣ – Роҳбари Барномаи Саудӣ оид ба рушди содирот, доктор Ақилӣ Зайфуллоҳ Ҳавоҷӣ – Мудири кулли лоиҳаи «Янбуъ», ташкилоти минтақавии подшоҳӣ – ал-Ҷибайл ва Янбуъ ва ғайра шомиланд.



Соҳибкорони Арабистони Саудӣ аз намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, оби нӯшиданӣ ва ғайра иборатанд.



Дар маросими кушодашавии форум суханҳои табрикии Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ҳамралиев, Раиси Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Саидов, муовини раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ садо хоҳанд дод.



Дар рафти ин чорабинӣ вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушди иқтисодиётро муаррифӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин мавзӯи ҷалби бахши хусусӣ ба иқтисоди кишвар, рушди сайёҳӣ, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Мулоқот ва табодули назари соҳибкорон дар бахшҳои «Энергетика ва саноат», «Сайёҳӣ», «Тандурустӣ» ва «Нақлиёт ва коммуникатсия» баргузор гардида, лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо муҳокима хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...