Ифтитоҳи форуми нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз менамояд. Дар Форум ғайр аз соҳибкорони ҳар ду кишвар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Пеш аз оғози чорабинӣ вохӯрии Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайъати Мамлакати Арабистони […]

root


Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз менамояд. Дар Форум ғайр аз соҳибкорони ҳар ду кишвар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.




Пеш аз оғози чорабинӣ вохӯрии Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайъати Мамлакати Арабистони Саудӣ доир мегардад.



           Ба ҳайъати саудӣ Абдураҳмон ибни Али ал-Ҷирайсӣ – муовини Раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ, раиси Палатаи тиҷоратӣ-саноатии Ар-Риёз, Юсуф Абдуллоҳ Ақилӣ Зайфуллоҳ ал-Авҳалӣ – Роҳбари Барномаи Саудӣ оид ба рушди содирот, доктор Ақилӣ Зайфуллоҳ Ҳавоҷӣ – Мудири кулли лоиҳаи «Янбуъ», ташкилоти минтақавии подшоҳӣ – ал-Ҷибайл ва Янбуъ ва ғайра шомиланд.



Соҳибкорони Арабистони Саудӣ аз намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, оби нӯшиданӣ ва ғайра иборатанд.



Дар маросими кушодашавии форум суханҳои табрикии Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ҳамралиев, Раиси Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Саидов, муовини раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ садо хоҳанд дод.



Дар рафти ин чорабинӣ вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушди иқтисодиётро муаррифӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин мавзӯи ҷалби бахши хусусӣ ба иқтисоди кишвар, рушди сайёҳӣ, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Мулоқот ва табодули назари соҳибкорон дар бахшҳои «Энергетика ва саноат», «Сайёҳӣ», «Тандурустӣ» ва «Нақлиёт ва коммуникатсия» баргузор гардида, лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо муҳокима хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.